Телеграм канал 'Тавхид'

Тавхид


412 подписчиков
0 просмотров на пост

Омӯзиши дарсҳоро аз дарси якум шурӯъ намоед!!!
T.me/tavhidu

Детальная рекламная статистика будет доступна после прохождения простой процедуры регистрации


Что это дает?
  • Детальная аналитика 194'347 каналов
  • Доступ к 72'060'399 рекламных постов
  • Поиск по 274'524'887 постам
  • Отдача с каждой купленной рекламы
  • Графики динамики изменения показателей канала
  • Где и как размещался канал
  • Детальная статистика по подпискам и отпискам
Telemetr.me

Telemetr.me Подписаться

Аналитика телеграм-каналов - обновления инструмента, новости рынка.

Найдено 52 поста

📚Зиёрати қабрҳо📚

Зиёрати қабрҳо бар се қисм аст:

1⃣-Зиёрати шаръӣ ва он ба мақсади:
🔹Ба ёд овардани охират.
🔹Ва бар аҳли он салом додан.
🔹Ва барои онон дуо намудан, мебошад.

2⃣-Зиёрати бидъатӣ, ки он камоли имонро нафй мекунад ва он василае аз василаҳои ширк мебошад.
Аз ҷумлаи он:
🔹Қасди ибодати Аллоҳ дар назди қабр.
🔹Қасди табаррук ҷустан ба қабр.
🔹Ҳадя кардани савоб дар назди қабр.
🔹Бори сафар бастан ба сӯи қабр. Ва монанди он мебошад.

3⃣-Зиёрати ширкӣ, ки тавҳидро нафй мекунад ва он гардонидани чизе аз навъҳои ибодатро барои соҳиби қабр мебошад, монанди:
🔹Ӯро ба ҷуз Аллоҳ ба дуо муроҷиат намояд.
🔹Аз ӯ ёрӣ ҷустан ва ӯро ба фарёдрасӣ хондан.
🔹Барои ӯ забҳ ва назр кардан. Ва монанди инҳо мебошад.

t.me/tavhidu
🌹Шафоат🌹

📚Дар луғат: Масдари шафаъа яшфаъу шафоъатан аст, ҳаргоҳ чизеро дуто гардонад ва шафъ зидди витр (тоқ) аст.
📚Дар истилоҳи шариат: Барои шахси дигар ба ҷалби манфиат, ё дур кардани зарар миёнаравӣ кардан аст.

📒📒📒Қисмҳои шафоат:
1⃣-Шафоати манфӣ.
2⃣-Шафоати мусбат.


Шафоати манфӣ:
🔹Таърифи он: Шафоатест, ки аз ғайри Аллоҳ дар он чизе ки бар он қудрат надорад, магар Аллоҳ, талаб карда мешавад.
🔹Далели он, фармудаи Аллоҳ:
🌹 "Эй касоне ки имон овардаед! Аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, инфоқ кунед, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фуруш аст ва на дӯстӣ ва на шафоате ва кофирон ҳамон золимонанд".
📚 (Бақара:254)

Шафоати мусбат:
🔹Таърифи он: Он шафоатест, ки аз Аллоҳ талаб карда мешавад.
🔹Шартҳои он:
1-Иҷозат додани Аллоҳ барои шафоатгар, ки шафоат кунад.
2-Ризоии Аллоҳ аз шафоатгар ва шафоатшуда.
🔹Далели он, фармудаи Аллоҳ таъала:
🌹 "Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармони Ӯ шафоат кунад?".
📚 (Бақара:255)
🌱 Ва фармудаи Аллоҳ таъала:
🌹 "Ва чи бисёр фариштагоне ки дар осмонҳо ҳастанд, ки шафоати онҳо ҳеҷ суде намебахшад, магар пас аз он ки Аллоҳ барои ҳар кас, ки бихоҳад иҷозат диҳад ва розӣ бошад"
📚 (Наҷм:26)

Ҳукми талаби шафоат аз зиндаи тавоно.
🔸1-Агар аз ӯ амри шаръӣ, ё мубоҳро талаб кунад, ки бар он қудрат дорад, пас ҷоиз аст. Ва ин аз боби мусоада ва ёрӣ додан бар кори хайр аст.
🔸2-Аз ӯ амреро талаб кунад, ки бар он қудрат надорад, магар Аллоҳ, пас ин ширк аст.

t.me/tavhidu
Голосовое сообщение, 1651 сек.
📒Барои ғайри Аллоҳ назр кардан

🔷Дар луғат: Лозим гардондан аст.
🔶Дар истилоҳи шариат: Лозим гардондани таклифшуда нафсашро тоатеро, ки бар ӯ лозим нест, аз рӯи таъзими шахсе, ки барои ӯ назршуда аст, мебошад.

Назр барои Аллоҳ ибодат аст.

Бидон ки назр ибодат барои
Аллоҳи ягона аст, барои ғайри Ӯ сарф намешавад ва касе онро барои ғайри Ӯ сарф намояд, пас ба дурусти дар ширки акбар воқеъ шудааст❗️❕❗️
🌱 Аллоҳ таъала мефармояд:
🌹 "Ба назр вафо мекунанд"
📚 (Инсон:7)
Ва касе барои ғайри Аллоҳ назр кунад, пас барои ӯ вафо
кардан ба он ҷоиз намебошад.
‼️⁉️Назр кай ширк мешавад?
Ҳаргоҳ инсон бар худаш чизеро барои ғайри Аллоҳ аз рӯи таъзим ва наздикӣ лозим гардонад. Ва аз ҷумлаи он масалан:
1⃣-Монанди ин ки бигӯяд, агар Аллоҳ бемори маро шифо диҳад, пас барои қабри валии фалонӣ инчунин аз бузу гусфанд, ё мол назр.
2⃣-Агар ман кӯдакдор шавам, пас ба зудӣ барои валии фалонӣ дар назди қабраш забҳ мекунам.
3⃣-Барои фалонӣ валӣ, ё ҷинн бар ман назр, ки се мол бикушам.
4⃣-Барои бутҳо назр кардан.
5⃣-Барои офтобу моҳтоб назр кардан.

t.me/tavhidu
🌹ЗАБҲ🌹

📚Дар луғат: Он дар асл буридан ва он чизе ки бар он далолат мекунад, мебошад.
📚Дар шариат: Дур кардани руҳ ва резондани хун аз рӯи таъзим ва наздикӣ ҷустан ба тариқаи махсус аст.
📒Қисмҳои чорвои кушташаванда: Се қисм аст.
1⃣-Забиҳаҳои шаръӣ.
2⃣- Забиҳаҳои мубоҳ.
3⃣- Забиҳаҳои ширкӣ.

Якум: Забиҳаҳои шаръӣ, монанди:
1-Қурбонӣ.
2-Забҳи назрҳо барои Аллоҳ.
3-Забҳи ҳадяи (ҳаҷ).
4-Забҳи фидя дар ҳаҷ ва умра.
5-Забҳи ақиқа барои навзод.
6-Забҳи садақа, ба он ба сӯи Аллоҳ наздикӣ меҷӯяд.
7-Забҳ барои эҳтироми меҳмон.

Дуюм: Забиҳаҳои мубоҳ, монанди:
1-Забҳи қассоб (шутуркуш) барои савдо.
2-Забҳ барои хӯрдан.
Сеюм: Забиҳаҳои ширкӣ, монанди:
1-Барои бутҳо забҳ кардан.
2-Барои ҷин забҳ кардан.
3-Барои қубаҳо, машҳадҳо ва қабрҳо забҳ кардан.
4-Пеш аз даромадани хонаи нав ба қасди аз ҷин нигоҳ доштан забҳ кардан.
5-Дар вақти даромадани шаҳу арус дар хона ва гузаштани онҳо ба рӯи хуни моли кушташуда, забҳ кардан.
6-Барои Аллоҳ забҳ кардан, валекин бар он ғайри номи Аллоҳро зикр карда мешавад.

📚Хулоса:

1⃣-Забҳ кардан барои Аллоҳ ибодат аст, сарфи он барои
ғайри Аллоҳ ҷоиз намебошад ва далел фармудаи Аллоҳ:
🌹 "Бигӯ, ҳароина намози ман ва ҳаҷҷу қурбонии ман ва зиндагонии ман ва мавти ман ҳама барои Аллоҳ аст, Парвардигори оламиён".
📚 (Анъом:162)

2⃣-Барои ғайри Аллоҳ забҳ кардан, ширки акбар эътибор мешавад ва фоили он лаънатшуда аст.
🌱 Ва далел фармудаи Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аст:
🌹 "Аллоҳ лаънат кунад касеро, ки барои ғайри Аллоҳ забҳ мекунад".
📚 (Ривояти Муслим)

t.me/tavhidu
Голосовое сообщение, 394 сек.
📚🌹Тавассул🌹📚

🔷Дар луғат: Тавассул аз калимаи васила аст ва он дар асл, он чизест, ки ба он ба сӯи чизе расида мешавад ва наздикӣ ҷуста мешавад.
🔶Дар истилоҳи шаръ: Он гирифтани сабаби шаръӣ
аст, ки ба сӯи Аллоҳ таъала наздик мегардонад.

Қисмҳои он: Ду қисм аст.

1-Тавассули шаръӣ.
2-Тавассули манъшуда.


📚Тавассули шаръӣ:

1⃣-Тавассул ба номе аз номҳои Аллоҳ таборак ва таъала.

2⃣-Тавассул ба сифате аз сифатҳои Аллоҳ.

3⃣-Тавассул ба афъоли Аллоҳ.

4⃣-Тавассул ба оҷизӣ

5⃣-Тавассул ба амали неке, ки дуогӯ ба он амал кардааст.

6⃣-Тавассул ба имон.

7⃣-Тавассул ба дуои марди солеҳи зинда.

📚Тавассули манъшуда.
Ва он тавассул ба ғайри тавассули шаръӣ мебошад.

Ва аз ҷумла:

1⃣-Ба сӯи Аллоҳ таъала ба ҳақ, ё ба обурӯи шахсҳо тавассул ҷустан.

2⃣-Дуо ва назр барои авлиё ва солиҳон (некӯкорон).

3⃣-Мол куштан барои арвоҳи авлиё ва дар гирди қабрҳои онҳо нишастан.

t.me/tavhidu
📚Қоидаҳои муҳим дар табаррук

1⃣-Табаррук ибодат аст ва асл дар ибодатҳо манъ ва ҳазар аст, то ки далеле бар шаръӣ будани он вуҷуд дошта бошад.

2⃣-Ҳамаи баракат, албатта аз ҷониби Аллоҳи ягона аст, пас Ӯст молики он ва бахшандаи он, пас аз ғайри Ӯ талаб карда намешавад.

3⃣-Албатта табаррук ба он чизе ки баракаташ собит шудааст, фоида намедиҳад, магар яктопарасти мӯъмини ба Аллоҳ ва расулаш саллаллоҳу алайҳи ва салламро.

4⃣-Албатта табаррук ба он чизе ки баракаташ аз рӯи шаръ собит шудааст, воҷиб аст, ки ба роҳҳои шаръӣ бошад ва ин ки дар ин ҳайатҳо ва тариқаҳое пайдо карда нашавад, ки гузаштагони аввал онро анҷом надодаанд.

📚Қоидаҳои муҳим дар боби асбоб(сабаб)

1⃣-Эътимоди фоили асбоб, воҷиб аст, ки бар Аллоҳ азза ва ҷалла бошад, на бар худи сабаб, зеро ки Аллоҳ азза ва ҷалла ҳамон сабабгузори он ва эҷодкунандаи он аст.

2⃣-Бидонад, ки он сабабҳо ба қазои Аллоҳ ва тақдири Ӯ
алоқаманд аст.

3⃣-Тариқаҳои исбот кардани ин ки он чиз сабаб аст, ду чиз мебошад:
📒Якум: Аз тариқи шариат.
🌾Мисоли он: Асал сабаби шифо аст ва далели он фармудаи Аллоҳ таъала:
🌱 "Дар он (асал) барои мардум шифо аст".
📚 (Наҳл:69)

📒Дуюм аз тариқи таҷриба ва қадар.
🌾Мисоли он: Оташ сабаб аст барои сӯзонидан, лекин зарур аст дар тариқи таҷриба аз собит шудани сабабияти он чиз собит шудани ошкоро баъди мубошарати он, зеро собит шудани ғайри ошкор, гоҳо даъво, ё ваҳм мебошад, монанди гумон кардани ин ки пӯшидани ҳалқа чашмро дур мекунад.

t.me/tavhidu
🌹Табаррук🌹

📚Дар луғат: Бисёрӣ ва субути чиз аст.
📚Дар шариат: Талаби баракат ва умеду эътиқоди он аст.

🔶Қисмҳои табаррук: Ду қисм аст.

🔹1⃣-Табарруки шаръӣ.
🔹2⃣-Табарруки манъшуда.

➖🔷Якум табарруки шаръӣ:

🔹1-Табаррук ба зоти Паёмбар ﷺ‎ ва он чизе ки аз ҷисми Ӯ ҷудо мешавад ва ин хосси Ӯ ﷺ‎ танҳо дар ҳоли ҳаёташ буд.

🔹2-Табаррук ба гуфтор ва амалҳои шаръӣ, ҳаргоҳ банда онро анҷом диҳад, барои ӯ хайру баракат ҳосил мешавад.
🌾Монанди қироати Қуръон, зикри Аллоҳ ва дар ҳалқаҳои илм ҳозир шудан.

🔹3-Табаррук ба маконҳое, ки Аллоҳ дар онҳо баракат қарор дода аст.
🌾Монанди масҷидҳо ва аз шаҳрҳо Макка, Мадина ва Шом аст.
❗❗❗Ва мақсад ба табаррук ҷустани ба онҳо: кори хайр кардан ва барои Аллоҳ ба амалҳои шаръӣ бандагӣ кардан аст. Ва масҳ кашидан ба деворҳо ва сутунҳои онро қасд карда намешавад❗❗❗

🔹4-Табаррук ба замонҳое, ки Аллоҳ онҳоро ба зиёдатии фазл ва баракат хос гардонда аст.
🌾Монанди моҳи Рамазон ва даҳ рӯзи моҳи Зулҳиҷҷа ва шаби қадр ва сеяки охири шаб. Ва табаррук ба онҳо ба бисёр кори нек кардан ва дар он вақтҳо барои Аллоҳ ба амалҳои шаръӣ бандагӣ намудан аст.

🔹5-Табаррук ба таомҳое, ки Аллоҳ дар онҳо баракат қарор дода аст.
🌾Монанди равғани зайтун, асал, шир, сиёҳдона ва оби замзам.

➖🔶Дуюм табарруки манъшуда.

🔸1-Табарруки манъшуда ба маконҳо ва ҷамодот.
🌾Монанди масҳ кашидан ба деворҳои маконҳое, ки баракати онҳо аз рӯи шариат собит шудааст ва бӯса кардани тирезаҳо ва сутунҳои он ва ба хоки он талаби шифо намудан аст.Табаррук ба қабрҳои накӯкорон ва оромгоҳҳои онон.Табаррук ба маконҳое, ки ба ҳодисаҳои таърихӣ робита доранд, монанди макони таваллуди Расулуллоҳ ﷺ‎, ё ғори Ҳиро, ё ғори Савр.

🔸2-Табарруки манъшуда дар замонҳо:
🌾Иҷрои амрҳои ғайри шаръӣ ва ибодатҳои бидъатӣ дар замонҳое, ки аз рӯи шариат баракати он собит шудааст.
🌾Табаррук ба замонҳое, ки аз рӯи шариат дар он баракат собит нашудааст. Монанди рӯзи таваллуди Расулуллоҳ ﷺ‎ ва шаби Исро ва Меъроҷ ва шаби нисфи аз моҳи Шаъбон ва рӯзҳо ва шабҳои ёдоварии ҳодисаҳои таърихӣ.

🔸3-Табарруки манъшуда ба зоти накӯкорон ва осорҳои онон.
🌾Ба зоти ягон башар табаррук ҷуста намешавад, магар ба зоти Паёмбар ﷺ‎ ва осори Ӯ ва ин хос ба Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва танҳо дар ҳоли ҳаёташ аст.

t.me/tavhidu
Ба канал обуна шавед!!!
Web-страница:
Манҳаҷ منهج
Худатро дар дин тарбият кун, на ин ки аз тарбиятат дине бисозӣ
📚Тамоим📝

📒Дар луғат: тамоим ҷамъи тамима (тумор) аст.
📒Дар истилоҳи шариат: Он чизест, ки бар гардани кӯдакон ва ғайрашон меовезанд, аз расидани чашм ба он паноҳ мебаранд.

🔶Қисмҳои он: Ду қисм аст.

➖1⃣-Туморҳо аз Қуръон ва дуоҳои набавӣ.
Ва қавли саҳеҳ (дуруст) дар он манъ аст, аз барои се ваҷҳ:
🔹Умуми будани наҳй аз туморҳо ва хоскунандае барои умум нест.

🔹Роҳи василаҳоро бастан, пас албатта он ба овехтани он чизе ки мубоҳ нест, бурда мерасонад.

🔹Албатта он ба зуди пешкаши пастзанӣ мешавад, вақте шахсе онро овезон карда аст, барои қазои ҳоҷаташ хало медарояд.

➖2⃣-Туморҳое, ки аз Қуръон ва дуоҳои набавӣ нест, мисли туморҳое, ки аз номҳои ҷинну шайтонҳост ва дар он тилисмҳоест, ки фаҳмида намешавад, пас ин қатъан ҳаром ва аз ҷумлаи ширк
аст, зеро дар он тааллуқ ба ғайри Аллоҳ аст.

📒Хулоса, албатта ҳамаи туморҳо ҳаром аст, баробар аст, ки аз Қуръон бошад, ё аз ғайри он. Ва агар аз ғайри Қуръон бошад, пас он ҳаром ва ширк аст.
🌾Далел фармудаи Расулуллоҳ ﷺ‎:
🌹 "Ба таҳқиқ руқияҳо, туморҳо ва тивала (гармию хунукӣ) ширк аст".
📚 (Ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд)

t.me/tavhidu
🌹Руқо🌹

🔷Дар луғат: руқо ҷамъи руқия аст ва он авза (тумор, руқияхонӣ) аст.
🔶Дар шариат: оятҳо, зикрҳо ва дуоҳоест, ки бар мариз (бемор) хонда мешавад.

📚Қисмҳои он: 2 қисм аст.

1⃣-Руқияи шаръӣ.
2⃣-Руқияи мамнӯъ.

Руқияи шаръӣ, он аст, ки дар он се шарт ба иҷмоъи олимон вуҷуд дошта бошад.
✅1-Ба забони арабии ошкор бошад ва маънои он дониста шавад.

✅2-Ба каломи Аллоҳ, ё ба номҳо ва сифатҳои Ӯ боша

✅3-Бар он ба таври куллӣ эътимод накунад, балки эътиқод кунад, ки худи руқия таъсир намекунад, магар ба тақдири Аллоҳ таъоло.

Руқияи мамнӯъ, он руқияест, ки дар он як шарт, ё бештар аз он шартҳое, ки дар руқияи шаръӣ аст, халалдор намояд.

🌾Далел бар руқия аз Суннат фармудаи Паёмбар ﷺ‎ аст:
🌹 "Ба таҳқиқ руқияҳо, туморҳо ва тивала ширк аст".
📚 (Ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд)

🌱 Ва фармудаи Паёмбар ﷺ‎:
🌹 "Руқияҳоятонро бар Ман пешниҳод кунед, дар руқияе, ки ширк набошад, боке надорад".
📚 (Ривояти Муслим)

t.me/tavhidu
Голосовое сообщение, 1435 сек.
Web-страница:
О помощи и поддержке требующих знания шейх Сулейман ар-Рухейли (да сохранит его Аллах).
О помощи и поддержке требующих знания шейх Сулейман ар-Рухейли (да сохранит его Аллах).

Изучайте религию из достоверных источников:
http://daura.com - Знания на основе основ
http://toislam.ws - Знания прежде слов и дел
http://alhadis.ru - Оживление Сунны
🌹Истионат, Истиғоса ва Истиоза🌹

Маъноҳои он:

🌷Истионат: Талаби авн (ёрӣ) кардан.
🌷Истиғоса: Талаби ғавс (фарёдрасӣ) ва он дур кардани сахтӣ аст.
🌷Истиоза: Талаби паноҳ кардан.
🌾Далел бар ин ки ин се амр ибодат аст:
🔷Истионат, фармудаи Ӯ таъалв:
🌹 "Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷуем"
📚 (Фотиҳа:5)

🔶Истиғоса, фармудаи Ӯ таъала:
🌹 "(Ба ёд оваред), ҳангоме ки аз Парвардигоратон (фарёд ва) ёрӣ мехостед, пас Ӯ (хостаи) шуморо пазируфт"
📚 (Анфол:9)

🔷Истиоза, фармудаи Ӯ таъала:
🌹 "Бигӯ ба Парвардигори мардум, паноҳ мебарам".
📚 (Нос:1)

Ҳукми истионат, истиғоса ва истиоза ба ғайри Аллоҳ ба ду қисм тақсим мешавад:

1⃣-Ҷоиз аст, ҳаргоҳ шартҳояш вуҷуд дошта бошад ва он чор шарт аст:

📚Ду шарте, ки ба амри матлуб истионат, истиғоса ва истиоза ба он мутааллиқ ҳастанд:

1-Аз хусусиятҳои Аллоҳ набошад.
2-Махлуқ бар он қудрат дошта бошад.

📚Ду шарте, ки ба шахсе ки ба ӯ паноҳ талаб карда мешавад, ё ёрӣ талаб карда мешавад, ё ба ӯ фарёдрасӣ карда мешавад, мутааллиқ ҳастанд:

1-Ин ки зинда бошад.
2-Ҳозир бошад.

2⃣-Ширкӣ аст, ҳаргоҳ яке аз шартҳои собиқро мухолифат
намояд.

t.me/tavhidu
🌹Дуо🌹

📚Дуо ибодат аст: дуо муҳимтарин навъҳои ибодат аст, аз рӯи фармудаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам:
🌹 "Дуо ҳамон ибодат аст".
📚 (Ривояти Тирмизӣ)
Ва фармудаи Аллоҳ таъала:
🌹 "Ва албатта масҷидҳо барои Аллоҳ аст, пас бо Аллоҳ ҳеҷ касро ибодат накунед".
📚 (Ҷин:18)

🔶Навъҳои ибодат: 2 навъ аст.

1⃣-Дуои ибодат, мақсад ба он ҳар амалест, ки инсон ба он Парвардигорашро мепарастад.
🌾Мисоли он: намоз, ҳаҷ, садақа ва рӯза аст. Сабаби дуо номиданаш, зеро дар он маънои талаб аст, пас гӯё
инсон вақте ин амалҳоро иҷро мекунад аз Аллоҳ ба ин амалҳояш талаб мекунад, ки ӯро раҳмат кунад ва ӯро дохили Ҷаннат гардонад.

2⃣-Дуои масъалат, мақсад ба он, он чизест, ки дар савол ва талаб аст.
🌾Мисоли ин, монанди гуфтани: "Эй Аллоҳ маро раҳмат кун, Парвардигоро маро мағфират кун".

Дуои ғайри Аллоҳ: дуо ибодат аст, пас касе онро барои ғайри Аллоҳ сарф намояд, пас ӯ мушрику кофир аст.
🌾Далел фармудаи Ӯ
таъала:
🌹 "Ва ҳар кас, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро бихонад, мусалламан ҳеҷ далеле бар (ҳақонияти) он нахоҳад дошт, ҷуз ин нест, ки ҳисобаш назди Парвардигораш хоҳад буд, яқинан кофирон наҷот намеёбанд".
📚 (Сураи Мӯъминон, ояти:117)

t.me/tavhidu
🌹Таваккул🌹

📚Дар луғат: супурдан ва такя кардан аст.
📚Дар шариат, он эътимоди қалб ба Аллоҳи ягона аст.

Таваккули шаръӣ 3 амрро ҷамъ менамояд:

1⃣-Ба Аллоҳ содиқона ва дар ҳақиқат эътимод кардан.

2⃣-Ба Аллоҳ такя кардан ва эътиқод доштан ба ин ки ҳамаи амр дар дасти Аллоҳ аст.

3⃣-Ба асбобе, ки иҷозат дода шудааст, амал кардан.

🔷Қисмҳои таваккул: Се қисм аст.
1⃣-Таваккули ибодат ва он ба Аллоҳи ягона, ки Ӯро шарике нест, таваккул кардан аст.

2⃣-Таваккули ширк, монанди ба ғайри Аллоҳ дар он чизе ки аз хусусиятҳои Аллоҳ аст, эътимод кардан ва монанди эътимоди куллӣ ва ҷузъӣ бар асбоб.

3⃣-Тавкил он аст, ки шахсеро ба қоим шудани амале аз ҷониби худат ноиб гардонӣ, ки бар он қудрат дорад ва ин ҷоиз аст.

Фарқ дар байни таваккул ва тавкил:
✅Албатта таваккул амали қалбии ботинӣ аст. Ва тавкил амали зоҳирӣ аст.
🌾Далел бар таваккул, фармудаи Ӯ таъала:
🌹 "Ва бар Аллоҳ таваккул кунед, агар имон доред"
📚 (Моида:23)

t.me/tavhidu
📚ар-Раҷо📚

🔶Таърифи он: Он ба маънои таваққӯъ, тамаъ, умед ва интизори чизи дӯстдошта аст.

🔷Қисмҳои он: 3 қисм аст.

1⃣-Раҷои ибодат.
Ва он раҷо аз Аллоҳи ягона, ки Ӯро шарике нест ва он ду навъ аст.
Якум: раҷои ситудашуда ва он раҷоест, ки ба амал ва тоати Аллоҳ якҷо аст.
Дуввум: раҷои мазамматшуда ва он раҷоест, ки беамал аст ва он орзуву ғурур аст.

2⃣-Раҷои ширк.
Ва он раҷо аз ғайри Аллоҳ дар чизе ки онро ба ҷуз Аллоҳ касе молик намешавад.

3⃣-Раҷои табиӣ
Ҳаргоҳ чизеро аз шахсе, ки молики он аст ва бар он қудрат дорад, чашм дорӣ. Монанди гуфтаи ту "ҳозир шуданатро интизор мешавам".
Далел бар раҷо (умед доштан, чашм доштан).
🌱Фармудаи Ӯ таъала:
🌹 "Пас ҳар ки мулоқоти Парвардигори худро таваққӯъ дорад, бояд, ки кори писандида бикунад ва дар ибодати Парвардигори хеш ҳеҷ касеро шарик наоварад".
📚 (Каҳф:110)

t.me/tavhidu

Найдено 52 поста