Телеграм канал 'STV - САДО ВА СИМОИ САМАРҚАНД'

STV - САДО ВА СИМОИ САМАРҚАНД


1'247 подписчиков
277 просмотров на пост

Дар ин шабака шумо метавонед:
🔶 аз барномаҳои дӯстдоштаатон, ки дар бойгонии СТВ маҳфузанд баҳраманд гардед;
🔶 бо рӯйдодҳои охирин шинос шавед;
🔶барномаҳои тозаэҷодро тамошо кунед.
Телефонҳои мо
(91) 520-30-65;
(91) 545-86-61;
(97) 922-20-11

Детальная рекламная статистика будет доступна после прохождения простой процедуры регистрации


Что это дает?
  • Детальная аналитика 5'575'196 каналов
  • Доступ к 1'533'798'153 рекламных постов
  • Поиск по 5'769'134'666 постам
  • Отдача с каждой купленной рекламы
  • Графики динамики изменения показателей канала
  • Где и как размещался канал
  • Детальная статистика по подпискам и отпискам
Telemetr.me

Telemetr.me Подписаться

Аналитика телеграм-каналов - обновления инструмента, новости рынка.

Найдено 8078 постов

Директори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов бо сафири Эрон Мухаммад Али Искандарӣ вохӯрд

Дар вохӯрӣ маслиҳатчии сафоратхона оид ба масъалаҳои Васоити Ахбори Омма Моҷтаба Морадӣ, роҳбари шӯъбаи маданияти сафоратхона Амир Саид Карамӣ ва директори маркази Миллии рушди кинематографияи Ӯзбекистон Фурқат Усмонов иштирок ва сухан карданд.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand
Изображение

Ҳозир ҳокими вилоят дар маҳаллаи Пӯлоддархони ноҳияи Оқдарёи вилоят бо роҳбарони секторҳо вохӯрда, оид ба масъалаҳои муҳим сӯҳбат дорад

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

Изображение

Имрӯз дар Самарқанди зебо ҳавои тағйирёбандаи абрнок ба назар расида, ҳарорат:
- рӯзона.......+18".......+21"
- шабона.......+14"......+17"
дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба шумо зафарҳои нав ва иқболи нек металабем.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

Изображение

Ассалому алайкум ҳамдиёрону ҳамзаминони мӯҳтарам. Субҳ ба хайр. Бароятон рӯзи хушу омаднок металабем. Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед!

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

Изображение

Фикри сармуҳаррири нашриёти "Лоиқи Озод"-и вилояти Самарқанд, Озодҷон Хидиров дар бораи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари дӯсту бародару хешу табори ҳамҷавор: Ӯзбекистон ва Тоҷикистон

Насими дӯстии мо вазон аст,
Баҳори ошноён бехазон аст.
Зи Ҷомиву Навоӣ панд дорем,
Ба номи рафтагон савганд дорем.
Ба боғи пурумеди зиндагонӣ
Ҳазорон решаи пайванд дорем!
Насими дӯстии мо вазон аст,
Баҳори ошноён бехазон аст.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

👍 3
Видео/гифка, 73 сек, озод думсти.mp4
Тақдимоти парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқи вилоят дар Хитой

Имрӯзҳо ҳайати ҳокимияти вилоят ва тадбиркорон бо дастгирии консулгарии генералии кишварамон дар Шанхай аз як қатор провинсияҳои Хитой дидан карда, бо ҳампешагони худ таҷриба иваз мекунанд.

Бо
мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand
👍 1
Изображение

Фикри сардабири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд"
Баҳодур Раҳмонов, дар бораи таҳкими дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон

Мужда орад аз давоми нек
Дӯстии тоҷику ӯзбек.

Ҳамнишину ҳамқадам моем,
Ёр дар шодиву ғам моем,
Шукргӯ дар бешу кам моем,
Ҳаст то дунё, ба ҳам моем.

Мужда орад аз давоми нек
Дӯстии тоҷику ӯзбек.

Бошад аз як чашма рӯди мо,
Савти ширину суруди мо.
Атласи ишқу муҳаббатро
Бофтанд аз тору пуди мо

Мужда орад аз давоми нек
Дӯстии тоҷику ӯзбек...

Муҳаммад Ғоиб

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

👍 1
Видео/гифка, 125 сек, Баҳодур Точ 24.mp4

Дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон пояндаву абадӣ бод!

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

👍 2
Видео/гифка, 304 сек, Масири_дӯстии_Тоҷикистону_Узбекистон.mp4

Нарзиқул ХОЛИҚОВ,
депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят:

Дар давоми сафари давлатии навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ аҳдномаи таърихӣ ба имзо расид. Он робитаҳои дӯстонаи ду халқи бародарро бе ҳеҷ шубҳа ба зинаи наву баландтар мебарорад.
Дар рафти ташриф байни Ӯзбекистону Тоҷикистон қариб дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ 28 ҳуҷҷат ба имзо расид.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

👍 1
Изображение
Cobalt бо Damas бархурд

Садама 24 - апрели соли равон дар хиёбони Университети шаҳри Самарқанд рух дода, ронандаи Cobalt ба ранги сурхи сечароғ - светофор гузашт.

Тибқи фикри пиёдагардон, шоҳидони воқеа як нафар шахс вафот карда, якчанд нафари дигар ҷароҳати сахт гирифтаанд.

Ҳамеша дар роҳҳо эқтиёт бошед!

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand
👍 1
Видео/гифка, 11 сек, авария.MOV

Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо роҳбари Вазорати Корҳои Хориҷаи Британияи Кабир вохӯрд

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

👍 1
Изображение

Рубоии Умари Хайём дар қироати Ҳасан Сулаймонӣ

Он беҳ, ки дар ин замона кам гирӣ дӯст,
Бо аҳли замона суҳбат аз дур накӯст,
Он кас, ки ба ҷумлагӣ туро такя бар ӯст,
Чун чашми хирад боз кунӣ, душманат ӯст.

Бо
мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

👍 1
Видео/гифка, 31 сек, video_2024-04-25_09-50-30.mp4

Филм дар бораи Махтумқулӣ

Тибқи талаби маркази Миллии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар шаҳри Бухоро, таҳти сарварии Музаффархон Эркинов наворбардории филми бадеӣ дар бораи Махтумқулӣ Фироғӣ оғоз мегардад.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

👍 1
Изображение

Имрӯз дар Самарқанди зебо ҳавои тағйирёбандаи абрнок ба назар расида, ҳарорат:
- рӯзона.......+23"........+27"
- шабона. . .+15"........19"
дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳамеша сарбаланду шарафманд бошеду бахту давлат ёратон шавад.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

👍 1
Изображение

Ассалому алайкум ҳамдиёрону ҳамзаминони азиз. Бароятон рӯзи неку омаднок металабем. Ҳамеша шоду масрур бошед.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

❤ 2
Изображение
Ҳозир дар Қоҳира ба журналистони ӯзбекистонӣ маросими тақдими тӯҳфаи нодир гузашта истодааст

Тӯҳфаи нодир ин картина - расми аз коғази папирус тайёркардашуда буда, онро раиси иттиҳодияи Журналистони Миср Холид Башарӣ тақдим мекунад.

Дар чорабинӣ журналистони вилоятҳои Фарғона ва Самарқанди Ӯзбекистон иштирок ва сухан карданд.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand
Изображение

Роҳбари Садорати адлияи вилоят Салоҳиддин Сатторов, дар рафти анҷумани матбуотӣ қайд намуд, ки соли ҷорӣ 38 никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, 22 нафари онҳо сокинони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил мебошанд.

Ин рақамҳо нисбат ба ҳамин даври соли 2023 зиёд аст.

Инчунин таъкид гардид, ки дар давоми аксияи ҳуқуқии «Ягон нафар шаҳрванд бе ҳуҷҷат намемонад» ба 7209 нафар шахс ҳуҷҷат тақдим карда шуд.

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand

Видео/гифка, 169 сек, АДЛИЯ 24 24.mp4

Найдено 8078 постов