Телеграм канал 'Китобҳои тоҷикӣ | کتابهای تاجیکی | Китобхона'

Китобҳои тоҷикӣ | کتابهای تاجیکی | Китобхона


408 подписчиков
164 просмотров на пост

🔰 Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
🔰 Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

📚 Канали мо, базаи васеи китобҳои тоҷикӣ дар телеграм буда, аксари китобҳоро дастрас гардонидааст.
🕵 Барои ёфтани китоб аз тугмаи 🔍 ҷустуҷӯӣ истифода баред.
📲 Тамос: 👉 @tufayloni

Детальная рекламная статистика будет доступна после прохождения простой процедуры регистрации


Что это дает?
  • Детальная аналитика 229'655 каналов
  • Доступ к 94'078'695 рекламных постов
  • Поиск по 367'985'769 постам
  • Отдача с каждой купленной рекламы
  • Графики динамики изменения показателей канала
  • Где и как размещался канал
  • Детальная статистика по подпискам и отпискам
Telemetr.me

Telemetr.me Подписаться

Аналитика телеграм-каналов - обновления инструмента, новости рынка.

Найдено 374 поста

📚 номи китоб: Мунозара
🖋 муаллиф: Абдурауф Абдураҳмонов (Фитрати Бухороӣ; Миҷмар)
⏳ соли нашр: 1992 — Душанбе
📖 ҳаҷм: 55 саҳифа
📝 эзоҳ:
Асари нахустини Абдурауфи Фитрат «Мунозара» ном дошта, соли 1910 дар Истамбул чоп шудааст. Асари мазкур ба таври «муҳовараи бухориён» навишта шудааст. Аз ин ҷост, ки Фитратро аз аввалин офарандагони насри нави тоҷикӣ донистаанд. Асарҳои Фитрат, аз ҷумла, «Мунозара»-ро аз Истамбул ба Бухоро ба таври пинҳонӣ меоварданд. Ин асар ҳамон вақт ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва озарӣ тарҷума шуда, дастраси алоқамандон гардида буд. Фитрат ба воситаи «Мунозара» мақсаду мароми ҳаракати ҷадидияро, ки таъсиси мактабҳои нав дар Бухоро ва атрофи он буд, муайян намудан хостааст. Асар унвони дигар ҳам дорад: «Мунозараи мударриси бухороӣ бо як нафар фарангӣ дар Ҳиндустон дар бораи макотиби ҷадида».

#наср
Изображение
📚 номи китоб: Намунаи фольклори диёри Рӯдакӣ
🖋 мураттибон: Раҷаб Амонов, Муҳаммад Шукуров
⏳ соли нашр: 1958 — Сталинобод (Душанбе)
📖 ҳаҷм: 232 саҳифа
📝 эзоҳ:
Эҷодиёти даҳанакии ҳамдиёрони Рӯдакӣ тақрибан ҳамаи жанрҳои маълуми фольклори тоҷикро фаро гирифтааст. Дар ин маҳал ҳам нақлу ривоят, ҳикояту афсона ва ҳам намудҳои гуногуни назм: байту рубоӣ, ғазалу мухаммас, суруду тарона, бадеҳаю дубайта ва инчунин чистону мақолу зарбулмасал маълум аст. Назми даҳанакии ин халқ, чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз ҷиҳати мавзӯю мазмуни худ бо адабиёти китобатӣ хеле наздик аст. Умуман аҳолии ин минтақа аз адабиёти хаттӣ хабардор аст. Дар ин китоб намунаи ҳар яке аз жанрҳои зикршудаи фольклори ин диёр оварда шудааст. Бо хондани ин китоб кас дар ҳақиқат боварӣ ҳосил мекунад, ки бошандагони ин диёр на танҳо давомдиҳанда ва пайрави Рӯдакӣ мебошанд, балки хонанда ва донандаи ҳама гуна осори ирфонии тоҷиканд, ки маъно ва мазмуни суханони онҳо аз суханони бузургонамон камӣ надорад.

#наср #назм
Изображение
📚 номи китоб: Таҳзиб-ус-сибён
🖋 муаллиф: Садриддин Айнӣ
⏳ соли нашр: 1994 — Душанбе
📖 ҳаҷм: 50 саҳифа
📝 эзоҳ:
Садриддин Айнӣ ҳамчун яке аз аввалин омӯзгорони  мактабҳои нав барои насли наврас китоби  қироатиеро  бо номи  «Таҳзиб-ус-сибён»  байни солҳои 1910-1917 ду  маротиба  чоп  намуд. Устод дар китоби худ хонандагони хурдсолро бо табиат, меҳнат, бо тарзи зиндагӣ, масъулияти онҳо дар кор, дар душвориҳо дар ҳарос наафтодан таваҷҷуҳи худро изҳор мекунад. Ба ҳамин тариқ, дар адабиёти навини мо ин яке аз асарҳои аввалин, ки оид ба ҳаёти бачагон, дар асоси  ба назар гирифтани синну соли хонандагон бо забони равону фаҳмо навишта шудааст, ба ҳисоб меравад.
Агар ҳар як талаба, донишҷӯ ва падару модари тоҷик «Таҳзиб-ус-сибён»-и устод Айниро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ нагардонад, дар ҷаҳлу нодонӣ хоҳад монд ва димор дар рӯзгорашон давом хоҳад намуд. Мутолиаи ин дастури таълимӣ ва ахлоқии устод Айнӣ ба ҳар як фарди кӯчак, миёнсол ва пири тоҷик фарз, зарур ва шарт аст.

#илмӣ
Изображение
📚 номи китоб: Саду як иншо
🖋 муаллиф: Қодир Тӯраҳасанов
⏳ соли нашр: 2012 — Душанбе
📖 ҳаҷм: 192 саҳифа
📝 эзоҳ:
Иншо яке аз навъҳои кори хаттии хонандагон буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таълим дода мешавад. Имтиҳони иншо дар муассисаҳои миёнаву олӣ барои рушду такомул ёфтани забони миллии тоҷикӣ ёрӣ мерасонад.
Воситаи таълимии мазкур як навъ дастурест, ки намунаҳои гуногуни иншоҳои таълимиро барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва довталабони мактабҳои олӣ дар бар мегирад. Иншоҳое, ки ин дастур дорост, дар асоси барномаи таълимии мактабҳои миёна тартиб дода шудааст.

#илмӣ
Изображение
📚 номи китоб: Таҳорат ва намозро меомӯзам
🖋 муаллиф: Асим Ӯйсал
🇹🇷 мутарҷим: Бобоев Файзулло Баротович
⏳ соли нашр: 2010 — Москва
📖 ҳаҷм: 80 саҳифа
📝 эзоҳ:
Ин китоби зебо ки бо усули ранга ва бо суратҳои зиёд, ки ҳар як ҳаракати омӯзиши таҳорат ва намозро таълим медиҳад, дар шакли дилнишин ба нашр ҳозир шудааст. Китоб ба шумо тарзи дуруст таҳорат кардан ва намоз гузориданро ёд медиҳад. Ҳамчунин шумо дар он нақли мухтасарро дар бораи асосҳои Имон (Эътиқод) пайдо карда метавонед. Китоб дар асоси маводи китоби «Abdest, Gusül, Namaz Öğreniyorum» Asım Uysal, İstanbul. омода шудааст. Барои хонандагони калонсол ва хурдсол тавсия мешавад.

#дин #ислом
Изображение
📚 номи китоб: Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ (бахши чаҳорум)
📙 Китоби рӯза
🖋 муаллиф: Абдушариф Боқизода
⏳ соли нашр: 2018 — Душанбе
📖 ҳаҷм: 53 саҳифа
📝 эзоҳ:
«Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар пешгузаштагони аз шумо фарз гардида буд, то тақво намоед» (Сураи Бақара, 2:183).

Китоб нақши маънавии ибодат ва бандагии Худоро дар такомули рӯҳӣ ва бинои шахсияти инсон мавриди таъкид қарор дода, аҳкоми ибодатҳо ва ҳолатҳои шахсӣ ва хонаводагиро бар асоси бузургтарин мактаби фиқҳӣ дар ислом – мазҳаби ҳанафӣ баррасӣ ва пешкаши хонанда менамояд. Дар ин бахши китоби мазкур доир ба аҳкому одоби рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ва дигар рӯзаҳо, ҳамаи нозукиҳои рӯзадорӣ, фоидаҳои рӯза ва бисёр масъалаҳои муҳимми фиқҳӣ сухани шарҳ баён шудааст.Китоб дар ороиши тоза ва бо истифода аз равиши дастабандӣ ва таснифи қонунҳои муосир таҳия гардида, барои доираи васеи хонандагон ва алоқамандон, ҳамчунин ҳавзаҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ тақдим мегардад.

#дин #ислом
Изображение
📚 номи китоб: Баҳисобгирии молиявӣ
🖋 тарҷума ва таълифи гурӯҳӣ
⏳ соли нашр: 2011 — Душанбе
📖 ҳаҷм: 315 саҳифа
📝 эзоҳ:
Дастури таълимӣ дар асоси Барномаи Шӯрои Авруосиёгии бухгалтерон ва аудиторони сертификатдор (ШАБАС) мувофиқи талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ - СБҲМ таҳия гардидааст. Дастур барои тайёркунии бухгалтерон ва имтиҳоноти байналхалқии СІPА-ЕN барои бадастории дараҷаи Бухгалтери соҳибкасби байналхалқии дорои сертификат таъйин гардида, инчунин мавриди истифода гардидани он аз ҷониби устодони макотиби олӣ, унвонҷуён, магистрҳо ва донишҷӯён бо мақсади тайёрии касбӣ муфид аст. Дастур ба матни тарҷумаи расмии СБҲМ соли 2009 бо забони тоҷикӣ ва нишондодҳои методӣ оиди татбиқи СБҲМ, ки аз тарафи Шӯрои Методологӣ оиди баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити назди комиссияи Ҳукуматӣ оид ба татбиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсин шуда ва бо фармони Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, асоснок карда шудааст.

#илмӣ #дархост
Изображение
📚 номи китоб: Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар муассисаҳои буҷетӣ
🖋 муаллиф: Шарифов Зариф Раҳмонович
⏳ соли нашр: 2011 — Душанбе; Ирфон
📖 ҳаҷм: 248 саҳифа
📝 эзоҳ:
Китоби дарсӣ фарогири омӯзиши масъалаҳои мубрами муассисаҳои буҷетии кишвар ва муассисаҳои тобеи онҳо мебошад. Дар китоби мазкур масоили вобаста ба сохтори муҳосиботи муассисаҳои буҷетии кишвар, аз ҷумла асосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, баҳисобгирии захираҳои моддӣ, ҳисобгирии меҳнат ва музди он, ҳисобгирии воситаҳои пулӣ ва маблағгузории молиявӣ, ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо, ҳисобгирии ӯҳдадорӣ, ҳисобгирии натиҷаи молиявӣ, ҳисобгирии соҳибкорӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки даромад меорад, ҳисобгирии хароҷотҳои иҷозатдодашуда, ҳисобгирии амалиётҳо оид ба таври марказонидашуда таъмин намудани муассисаҳои буҷетӣ бо маводҳои арзишнок, ҳисобгирии маводҳои арзишнок, ки ба ташкилот тааллуқ надорад ва ҳисоботи муассисаҳои буҷетӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор ёфтаанд.

#илмӣ #дархост
Изображение
📚 номи китоб: Баҳисобгирии бухгалтерии (муҳосибии) идоравӣ
🖋 муаллиф: Зарипов Э. Ш.
⏳ соли нашр: 2012 — Душанбе
📖 ҳаҷм: 236 саҳифа
📝 эзоҳ:
Дастури таълимӣ дар асоси стандарти таълимии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф шудааст. Дар дастур оиди ҳар як мавзӯъ миқдори муайяни масъалаҳо ҳал карда шудаанд ё ин ки барои кори мустақилона пешниҳод шудаанд. Як қисми масъалаҳо аз дигар адабиёт ва курси «Баҳисобгирии идоравӣ» оварда шудаанд. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба чоп тавсия шудааст.

#илмӣ #дархост
Изображение
📚 номи китоб: Баёзи фольклори тоҷик
🖋 тартибдиҳандагон: Р. Амонов, Ш. Умарова, Н. Азимов, Т. Исроилова
⏳ соли нашр: 1985 — Душанбе, Ирфон
📖 иборат аз 6 ҷилд
📕 ҷилди якум — 288 саҳифа
📝 эзоҳ:
Ба ҷилди якуми баёзи шашҷилдаи фольклори тоҷик беҳтарин рубоию байтҳои халқӣ, ки дар шӯъбаи фольклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дохил шудааст.
Дар ин рубоию байтҳо, ки дар ҳар давру замон ба ҳаёти халқ алоқаи гусастанашаванда доштанд, мақсаду маром ва орзую омоли мардум гармии дили ошиқону оҳи сарди дилшикастагон, шавқу рағбат ва хашму ранҷурии дар лаҳзаҳои ҷиддии зиндагӣ, тавлидшуда инъикос ёфтаанд, ки касро имрӯз ба некию накӯкорӣ, мардию ҷавонмардӣ барин хислатҳои хуби хоси инсон ҳидоят мекунанд.

#шеърҳо
Изображение

Найдено 374 поста